17 Ноябр 2026 - 10:32
Source: ABNA
Шайх Исо Қосим: мардуми Баҳрайн ҳукумати золим намехоҳанд

Роҳбари шиаёни Баҳрайн ба содир шудани ҳукми ҳабси абад алайҳи ӯ ва шуморе аз дигар уламои барҷастаи ин кишвар вокуниш нишон дод ва таъкид кард, ки мардуми Баҳрайн ҳукумати золим намехоҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Аҳд, Оятуллоҳ Шайх Исо Қосим, роҳбари шиаёни Баҳрайн, ки ҳамроҳи шуморе аз дигар уламои барҷастаи ин кишвар аз сӯи режими Оли Халифа ба ҳабси абад маҳкум шудааст, ба ин ҳукми ҷоир вокуниш нишон дод.

Шайх Исо Қосим дар суханонаш дар ин бора гуфт: зиндонӣ шудани уламо боиси пӯё шудани хати ҷиҳод барои ислом, озодӣ, каромат ва иҷрои пурраи ҳуқуқ мешавад. Баҳрайн ва мардуми боимонӣ он ҳукуматеро, ки бар зӯр асос ёфтааст ва ҳадафаш хор кардани кишвар ва мардуми он аст, намехоҳанд.

Вай таъкид кард: мардуми Баҳрайн ба кӯшиш барои иҷрои ҳуқуқҳои худ идома хоҳанд дод. Мо аз ислом ва озодӣ ва иззати худ даст намекашем. Ҳукумат мехоҳад озодихоҳон, уламо ва толибони улуми динии Баҳрайнро зиндонӣ кунад ва садои иззат, каромат ва озодиро дафн кунад.

Роҳбари шиаёни Баҳрайн тасреҳ кард: муҳол аст, ки мардуми мӯъмини Баҳрайн бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо бо сиёсати ғуломӣ ва ба ҳошия ронда шудан муқобилат накунанд ва дар муқобили мусодираи ҳуқуқашон хомӯш кунанд ё талаби онро қатъ кунанд ва ба камтар аз ҳуқуқи худ розӣ шаванд.

Шайх Исо Қосим хотиррасон кард, ки мардуми Баҳрайн азми худро барои идомаи кӯшиш ба манзури иҷрои ҳуқуқашон бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо ва мушкилот ҷазм кардаанд.

Вай инчунин гуфт: зиндагии мо бо ислом, озодӣ ва каромат гӯрехтааст ва дар мавриди ҳеҷ яке аз ин маворид кӯтоҳӣ нахоҳем кард. Дар давраҳои даргирӣ касоне пирӯз мешаванд, ки барои ба даст овардани ризои Худованд кӯшиш мекунанд, на касоне, ки ба бандагони Ӯ зулм мекунанд ва фасодро дар байни махлуқоташ паҳн мекунанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha